Мусодираи 22 кг ҳашиш дар Ишкошим

Октябрь 7, 2014 10:42

Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ зиёда аз 22 кг маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар наздикии деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 20-солаи маҳаллӣ боздошт гардид. Дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ ду халта бо 45 адад маводи китобшакл бо моддаи бӯи махсусдошта дарёфт ва мусодира гардид.
Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ моддаи дарёфтшуда навъи гашиш буда, вазни он 22 кг 190 граммро ташкил менамояд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
 

Октябрь 7, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад