Нақшаи нӯҳмоҳаи андоз 124 фоиз иҷро шуд
Хоруғ, 18.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ аз фаъолияти нуҳмоҳаи соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии қаламрави шаҳр натиҷагирӣ шуд. Муовини аввали раиси шаҳр Ҷумъа Ҷумъаев зимни баррасии фаъолияти нуҳмоҳаи сохторҳои марбута зикр намуд, ки даромади буҷети шаҳри Хоруғ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни андоз таъмин гардида, нақшаи нӯҳмоҳаро ба андозаи 124 фоиз иҷро шуд.Ҳамчунин зикр гардид, ки дар корхона ва муассисаҳои дохилии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистон ба қадри имкон маводи зидди лағжиш захира шуданд. Дар баробари ин шабакаҳои барқӣ бо насби тақсимкунакҳо, зеристгоҳҳо ва ноқилҳои барқӣ тавонистанд ба қадри имкон ба зимистон омодагӣ гиранд. Дар ин муддат ба андозаи 43,6 миллион кв соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли гузашта 4,5 фоиз бештар талаботи сокинони шаҳрро қонеъ кардааст.Амрихудои Дамдор- муовини аввали раиси вилоят аз фаъолияти соҳа изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки сарчашмаҳои зиёди андозбандӣ аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ, андоз аз фоида арзиши изофашуда, истифодабарандагони роҳи мошин аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва дигар намудҳои андозбандӣ бояд хубтар ба роҳ монда шаванд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






