Нақши рушди соҳибкории хурду миёна дар соҳаи туризм

Октябрь 30, 2014 16:58

Душанбе, 30.10.2014 (АМИТ «Ховар, Фарзонаи Давлат»).-Дар доираи баргузории нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории Исломӣ оид ба Осиёи Марказӣ, ки рўзҳои 27-28 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, масъалаи нақши рушди соҳибкории хурду миёна дар соҳаи туризм низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар форуми мазкур  раиси кумитаи мазкур Аҳтам Абдуллозода оид ба имкониятҳои бойи  туристии кишвар ҳамчун ҷавҳари кашфношуда ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба таҷдиди инфрасохтори он сухан гуфт. 
Зимни баргузории чорабинӣ филми имкониятҳои туристии кишвар манзури тамошобинон гардонида шуд. Дар даромадгоҳи Кохи Сомон гўшаи туристии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари туризм» ба тамошои иштирокчиёни Анҷуман гузошта шуд. 
Гуфта мешавад, ки дар нўҳмоҳаи соли ҷорӣ ба кишвар беш аз 166 ҳазор нафар сайёҳ ворид гардид, ки аз ин ба иқтисодиёти кишвар беш  аз 83 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ ворид шудааст. 
 
 

Октябрь 30, 2014 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд