Намоиши «Оинаи ду даврон» дар Рӯзи театри тоҷик
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айёми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драмнависҳо, рассомон,бастакорон, тамоми аҳли театри кишвар ҷамъ омада, аз дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт, нақшаҳои оянда ибрози ақида мекунанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар имсол Рӯзи театри тоҷик 7-уми ноябр дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. Театри мазкур пас аз таъмири пурраи чормоҳа дарҳои худро барои мухлисон боз менамояд. Дар ин рӯз нахустнамоиши спектакли «Оинаи ду даврон» манзур мешавад, ки ба қалами драмнависи шинохта Нур Табаров таалуқ дорад ва онро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна овардааст.
Гуфта мешавад, ки асари мазкур аз ҳаёт ва эҷодиёти устод С. Айнӣ, муборизаву ҷонталошиҳои вай баҳри нумӯи фарҳанги навини халқи мо, рушду инкишофи он, мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ нақл мекунад.
Ҳамчунин 75- солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ҷашн гирифта мешавад ва ҳайати эҷодии театр ба ин рӯйдод армуғонеро омода намудааст.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






