Натиҷаҳои амалии корҳои илмию таҳқиқотии олимон
Душанбе, 18.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии Институти чорводорӣ дар 24 хоҷагии зотпарварии ҷамоавӣ, деҳқонӣ ва фермерӣ, инчунин аҳолӣ амалӣ мегарданд. Дар соҳаи чорвои гӯштӣ корҳои селексионӣ дар заводи зотпарварии ба номи С. Сафарови ноҳияи Балҷувон бо саршумории 245 сар, дар соҳаи қутоспарварӣ-хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияи Ҷиргатол, ба номи Р. Аслиддинов, “Россия”-и ноҳияи Айнӣ ва хоҷагиҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (1246 сар) идома доранд.Доир ба чорвои ширдеҳ таҳқиқотҳои селексионӣ дар самти бунёди зоти говҳои сиёҳалои тоҷикӣ, дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷамъияти саҳомии “Баракат” ва ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор (540 сар), хоҷагии деҳқонии “Дошмандӣ”-и ноҳияи Файзобод (80 сар), ба номи Ф. Ҷумъаев ва Бобокалонови ноҳияи Б. Ғафуров, “Гулистон”-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд (760 сар), дар самти офаридани зоти швитсузебумонанди тоҷикӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш, заводи зотпарварии “Баракат”-и ноҳияи Ҳисор ва Ёвон (580 сар) амалӣ мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






