Натиҷагирӣ аз татбиқи барномаҳои комплекси агросаноатӣ
Душанбе, 31.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, 20-22 %-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии онро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Ин матлаб имрӯз дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ, ки ба «Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ва барномаи «Мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2015» бахшида шуда буд, зикр гардид. Таъкид шуд, ки хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 4,4 миллиард сомонӣ таъмин гардида, маблағгузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ 80,3% ё 84,7 миллион сомониро ташкил намудааст.
Ҷиҳати таъмини барномаҳои комплекси агросаноатӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва кадастри замин аз ҳисоби буҷет беш аз 65 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ва барои пешбурди соҳа ба Вазорати кишоварзӣ 32,7 миллион сомонӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 15,5 миллион сомонӣ, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 10,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Таъкид шуд, ки майдони умумии кишоварзӣ зиёда аз 3800 ҳазор гектар буда, аксарияти он чарогоҳ аст. Майдони корам ҳамагӣ 709 ҳазор гектар буда, 508 ҳазор гектари он майдони обӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки муҳокимаи парлумонӣ бо ибтикори Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захирахои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъулону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд. Зимни баррасии масъала вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Роҳбар ва Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамхон Кучакшоев Акрамхон гузориш доданд.
Дар фарҷоми муҳокимаи парлумонӣ доир ба масъалаи баррасишуда ва вобаста ба тавсияву пешниҳодҳое, ки аз ҷониби вакилон ва дигар намояндагону масъулини вазорату идораҳо пешниҳод шуданд, қарори дахлдор қабул шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






