Неъматҳои офаридаи Холиқи ягонаро оқилона истифода бояд кард

Октябрь 27, 2014 11:53

Душанбе, 27.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар  ҳудуди кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ   қариб 70  %-и захираи нафт ва 50 %-и захираи ҷаҳонии газ  мавҷуд аст. Ин омил аз мавқеи муҳим доштани кишварҳои ин созмони бонуфузи молиявии исломӣ шаҳодат медиҳад.
Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон 27  октябр дар ҷараёни суханронияш дар Форуми якуми сармоягузорӣ, ки  дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе оғоз гардид, гуфт: «Мо умедворем, ки нақши Созмони Ҳамкории Исломӣ дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ ва рушди устувори мамлакатҳои аъзои он рӯз аз рӯз зиёд шуда, ба афзоиши саҳми муштараки онҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард».
Эмомалӣ  Раҳмон дар ҷараёни суханронии пурмӯҳтавояш таъкид кард, ки  Холиқи ягона тамоми неъматҳо — об, замин, наботот, маъданҳо, сӯзишворӣ, неруи зеҳниву ҷисмонӣ ва дигарҳоро ба мо насиб гардонидааст. Ва Худои таъоло бар дӯши мову шумо масъулиятеро вогузоштааст, ки тавассути истифодаи самараноку оқилонаи ин неъматҳо рушд ва зиндагии шоистаро барои ҳар як кишвари исломӣ ва ҳар хонадони мусулмон таъмин намоем, афзуд Э. Раҳмон.        Ба андешаи Президенти Тоҷикистон хуб мешуд сармоягузории кишварҳои аз лиҳози молиявӣ неруманди исломӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мамлакатҳои камдаромади мусулмонӣ сафарбар шавад. Чун Худои таъоло дар ояти 2-и сураи Моидаи Қуръони маҷид фармудааст, ки: “Ва бар накӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад накунед”.  

Октябрь 27, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа