Нигаронии Президент аз афзоиши воситаҳои нақлиёти шахсӣ
Душанбе, 20.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Теъдоди воситаҳои нақлиёти шахсии сокинони Душанбе дар соли 2013 беш аз 57 ҳазор ададро ташкил додааст, ки ин омор дар қиёс бо соли 2004 қариб ду баробар зиёд аст. Ҳол он ки дар тӯли 73 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон 75 ҳазор адад нақлиёт ворид шуда буд.
Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронияш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе аз афзоиши шумораи нақлиёти шахсӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки дар баъзе мавридҳо бинобар норасоии нақлиёти мусофирбар ва танзими нокифояи ҳаракати воситаҳои нақлиёт сокинони пойтахт ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ Сарвари давлат таъкид кард, ки масъалаи мазкур бояд аз ҷониби сохторҳои марбута назорат ва танзим шавад, то бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва амнияти сокинону меҳмонони пойтахт таъмин гардад. Дар робита ба ин Сарвари давлат ба шаҳрдории Душанбе дастур дод, ки ҷиҳати бунёди истгоҳҳои шабонарӯзӣ барои воситаҳои нақлиёт, васеъ намудани роҳу пулҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо, инчунин таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир андешанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






