Оғози Нахустин анҷумани сармоягузории СҲИ барои кишварҳои ОМ
Душанбе, 27.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 27 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар «Кохи Сомон» Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шурӯъ мекунад, ки ду рӯз идома хоҳад ёфт.Анҷумани мазкур бо мақсади татбиқи Нақшаи амали СҲИ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ, ки рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нақлиёт, мусоидат барои инкишофи тиҷорат, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таҳсилоти касбӣ, ташаккули иқтидор, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустиро дар бар мегирад, доир карда мешавад.Зимни анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт:- Ҷалби таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, тоҷирон ва сармоягузорони кишварҳои аъзои СҲИ ба имконоти афзуни сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;- Роҳандозии ҳамкориҳо бо мақсади татбиқи амалии лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, ки Нақшаи амали СҲИ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ онҳоро пешбинӣ кардааст;- Фароҳам овардани имконот барои намоиши анвои маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ;- Роҳандозии ҳамкориҳо миёни корхонаву муассисаҳои тиҷоратию саноатии кишварҳои аъзои СҲИ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ;Дар кори Форум зиёда аз 400 нафар иштирокчиён, аз ҷумла 120 намояндагони давлатҳои аъзои СҲИ, созмонҳои бисёрҷонибаи молиявӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат меварзанд.Дар чорчӯбаи Анҷумани мазкур Намоиши маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо карда мешавад, ки мақсади он шиносоии иштирокчиён бо имконоти сармоягузорӣ дар ин минтақа аст.Чорабинӣ бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ меёбад. Дар ҷаласаи ифтитоҳи ҳамчунин суханрониҳои Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Ияд Амин Маданӣ, Президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ва намояндагони давлатҳои аъзои СҲИ пешбинӣ шудаанд.Дар доираи форум баргузории чор ҷаласаи корӣ дар назар аст:- Ҷаласаи кории I — Рушди долони нақлиётӣ ва инфрасохтори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ;- Ҷаласаи кории II — Тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби СҲИ;- Ҷаласаи кории III — Таҳкими иқтидор ва пешбурди содирот дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;- Ҷаласаи кории IV — Рушди нақши соҳибкории хурд ва миёна дар соҳаи саёҳат.Дар ҷаласаҳои корӣ роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои обӣ, нақлиёт ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза хоҳанд кард.Форум 28 октябри соли 2014 бо баргузории ҷаласаи хотимавӣ, ки дар он Дабири кулли СҲИ ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекунанд, ба итмом мерасад.Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳои умедворӣ менамояд, ки баргузории Форуми мазкур ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо давлатҳои олами ислом мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






