Олимпиадаи байналмилалии мактаби олии иқтисодиёт

Октябрь 22, 2014 12:13

Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Анна  Мошенко). — Назар  ба  хабари  намояндагии  «Россотрудничество» дар  Тоҷикистон,  Донишгоҳи  миллии тадқиқотии «Мактаби  олии иқтисодиёт» бо  дастгирии Агентии  федералии  умури  ИДМ  ва  ҳамдиёриёни  сокини   хориҷа» аз  21  то 26  ноябри  соли  ҷорӣ Олимпиадаи  байналмилалии  ҷавононро   доир  менамояд. 
Хонандагони  синфҳои  8 — 11 гимназияҳо,  литсейҳо,  коллеҷҳо,  ҳамчунин  хатмкунандагони  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии  кишварҳои  хориҷи  дуру  наздики  синнашон  то  30  метвонанд дар  олимпиада  иштирок  намоянд.
Мақсад  аз доир  намудани  олимпиада ривоҷи  дастрасии  ҷавонони  боистеъдоди  кишварҳои  хориҷӣ  ба барномаҳои  таҳсилотии  Русия, тақвият бахшидани  қобилияти  эҷодии  ҷавонон,  фароҳам  овардани  шароити рушди зеҳнӣ ва  дастгирии  мактабиёни   истеъдоднок  аст. 
Ҳамаи  хоҳишмандон  бояд  то 13  ноябр ба  қайд  гирифта,  дар  Маркази  илму  фарҳанги  Русия  воқеъ дар  шаҳри  Душанбе аз имтиҳон  гузаранд.

Октябрь 22, 2014 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад