Омӯзиши биологии 102 навъи зироати кишоварзӣ
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттиолоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар “Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ” доир ба 6 номгӯй зироати ғалладонагӣ, лӯбиёдонагиҳо, хӯроки чорво, растаниҳои равғандиҳанда, техникӣ ва дарахтони мевадиҳанда гирифта шуд.
Коллексияҳои навъҳои зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ ва интродуксияшуда ба 11171 навъ расонида шуда, омӯзиши биологии 102 навъу намунаи зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.
Дар қитъаи таҷрибавии Марказ 16 навъу намунаи зироатҳои лӯбиёдонаҳои маҳаллӣ ва 20 намунаи боқилои маҳаллӣ баъди 11-12 соли дар захирагоҳ нигоҳ доштан таҷдиду барқарор шудаанд, ки иқтидори пурраи сабзиши онҳо 85-96%-ро ташкил дод.
Дар хоҷагии деҳқонии “Камол”-и ноҳияи Шуғнон, дар баландии 3200м аз сатҳи баҳр таҳқиқоти экологӣ доир ба мутобиқшавии навъу намунаи арзанҳои маҳаллию африқоӣ дар 20 га кишт гузаронида шуда, ҳоло растаниҳо дар давраи ширабандию пухтан қарор доранд.
Бори аввал омӯзиши хусусияти биологии 278 номгӯи навъу намунаҳои ҷойҷуворӣ, зироатҳои лӯбиёдонагиҳои маҳаллию хориҷӣ ва арзан гузаронида, қобилияти хуби ҳосилнокии онҳо муайян карда шуд.
Барои ғанӣ гардонидани захирагоҳи Марказ 1,5 кг тухмии карами сафеди дерраси “Душанбегӣ”, 1 кг тухмии турби навъи “Марғелонӣ” ва 1кг тухми шалғами навъи “Петровий” истеҳсол шуд.
Дар ин бора аз Академияи илмҳои кишоварзӣ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






