Омӯзиши тарзи бурдани музокироти байналмиллалӣ дар АНМН
Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони шуъбаи ҳамкории байналмиллалӣ ва таъминоти ҳуқуқии ситоди агентӣ тренинг дар мавзӯи “Ҳамкории байналмиллалӣ ва тартиби бурдани чорабиниҳои протоколӣ” оғоз гардид.Омӯзишро кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда, дар тренинг кормандони агентӣ бо тартиби бурдани протокол ва этикети хизматӣ, шиносоӣ ва муошират, идораи робитаҳои берунӣ дар сатҳи гуногуни давлатӣ, дипломатияи муосир ва муносибатҳои байналмиллалӣ, тартиби бурдани музокироти корӣ бо шарикони хориҷӣ шинос мегарданд.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ, ба кормандон инчунин тартиби омодасозӣ ва имзои созишнома, мукотибот бо шарикони хориҷӣ омӯзонида мешавад.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






