Омӯзиши таъсиси моделҳои алтернативии инкишофи кӯдак
Душанбе, 31.10.2014 (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Аз 2 то 5 ноябри соли 2014 дар маҷмааи истироҳатии «Ҷаҳонгир», воқеъ дар ноҳияи Варзоб бо дастгирии барномаи «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»-и Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва лоиҳаи шабакавии Рушди барвақтии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Лондон барои намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимият, мудирони шуъбаву идораҳои маориф ва омӯзгорон аз ноҳияҳои Варзоб, Тавилдара, Нуробод, Зафаробод, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳритус ва шаҳри Хоруғ тренинг оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои инкишофи кӯдак» баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии баргузории омӯзиш — таҷриба кардани лоиҳаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои инкишофи кӯдак» дар маҳалҳое мебошад, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд ва ё фарогирии кӯдакон бо хизматрасонии таҳсилотӣ дар сатҳи паст қарор дорад.
Ҳадафи рушди барвақтии кӯдак барои дастрасии босифати таҳсилот барои кӯдаконе равона шудааст, ки имконияти гирифтани таҳсилоти томактабиро надоранд ва ё барои ин дар низоми маориф ва ё умуман дар ҷомеа садде мавҷуд аст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






