Омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон
Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 27 октябри соли 2014 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинар дар мавзўи «Омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа» ба кори худ оғоз кард.
Дар семинар кормандони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои хадамот ширкат намуданд.
Семинари мазкур бо иқдоми роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Хадамоти муҳоҷират ва бо дастгирии намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) барпо мегардад.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи хадамот, ҳадаф аз баргузории семинар- ин омўзонидани кормандони навтаъйини Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мебошад.
Дар кори семинар намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Акрам Муҳаммадқулов, сармутахассиси Вазорати меҳнат, оила ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Руминия Аураш Маринеску, директори маркази тадқиқоти муҳоҷиратии Федератсияи Русия Дмитрий Полетаев сухан гуфтанд.
Семинар 28 октябр низ идома ёфта, дар фарҷом ба иштирокчиён шаҳодатнома супорида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






