Ошкоркунии зиёда аз 5 ҳазор қонуншиканӣ дар 9 моҳ

Октябрь 21, 2014 11:07

Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ барои пешгирию бартарафсозии қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомоти назоратии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ 1828 адад  санҷиш гузаронида  шуд, ки аз он 1016 санҷиш ба масъалаи меҳнат, 407 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 20 адад ба масъалаи муҳоҷират ва 385 санҷиш ба масъалаи шуғли аҳолӣ рост омада, дар маҷмӯъ 439 корхонаву муассисаи давлатӣ, 485 корхонаю ташкилоти хусусӣ ва 92 субъекти хоҷагидорӣ шакли дигари моликиятро фаро гирифт. 
Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи вазорати мазкур дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 5754 адад қонуншиканӣ (дар нӯҳ моҳи соли 2013 — 9686 адад) ошкор гардид, ки 2857 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1297 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 83 ҳолат ба масъалаи муҳоҷират ва 1517 ҳолат ба масъалаи шуғл иртибот дорад.

Октябрь 21, 2014 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад