Ошкоршавии ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳолатҳои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишонро ошкор намуданд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрванд Ҳазратқул Файзиев, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе 1-адад таппончаи тамғаи “Макаров”, истеҳсоли соли 1991 (коршоям) бо тирдон ва 1 адад тир дарёфт ва мусодира шуд.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки шаҳрванд Шарипов Амонуллоҳ Азамович, соли таваллудаш 1975, зодаи шаҳри Душанбе, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд дар хонаи истиқоматиаш аз дохили халтаи биринҷ 1 адад таппончаи тамғаи “Макаров”, силсилаи ИВ 2174 А, бе қайди соли истеҳсол бо 5 дона тир дарёфт намуда, ба кормандони милитсия супоридааст.
Зимни гузаронидани боз як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ шаҳрванд Исмоилҷон Саидов, соли таваллудаш 1979 дастгир гардид. Муайян шуд, ки номбурда силоҳи мазкурро соли 2008 дар шаҳри Норак аз Ҷумъа ном шахс дастрас намудааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






