Пӯшидашавии ҷашнвораи шашуми байналмилалии «Дидор»
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз маросими пӯшидашавии синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» бо ширкати синамогарони Осиёи марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дирӯз, 19-уми октябр дар кинотеатри Зебуннисо, аз ҷумла дар толори калон филмҳои истеҳсоли синамогарони Гурҷистон, Қазоқистон, дар толори хурд- филмҳои синамогарони Эрон, Гурҷистон, Қазоқистон пешкаши ҳаводорони олами синамо гардид.
Имрӯз, 20-уми октябр маросими пӯшидашавии синамобазм дар Кохи Ҷомӣ доир мегардад ва дар он филми «Муаллим»-и Носир Саид ба намоиш гузошта шуда, ҳамчунин дар ин рӯз мизи гирд доир мегардад. Дар мизи мудаввар масъалаҳои кино дар мамлакатҳои Осиё баррасӣ мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки ҷашнвораи «Дидор» соли 2004-ум таъсис ёфта, имсол даври шашуми он баргузор гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






