Панҷакент: 5 намуди андоз иҷро нашуд

Октябрь 23, 2014 09:09

Панҷакент, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  фаъолияти нӯҳмоҳаи соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр натиҷагирӣ шуд. Муовини аввали шаҳр Ислом Шафиев гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли 2014 ба қисми даромади буҷет ба ҷои 99 миллиону 313 ҳазор сомонӣ аз рӯи ҳамаи намуди сарчашмаҳои маблағгузорӣ 96 миллиону 32 ҳазору 427 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки баробари 96,7 фоизи нақша мебошад. Феълан 5 намуди андозу пардохт иҷро нагардидааст.   
То ин муддат оид ба гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ 18 347 адад аризаи шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ ба 15 062 нафар шаҳрванди эҳтиёҷманд замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Аз ин шумора 12484 нафар эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид. Тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон идома дорад.
Дар айни замон дар ду иншооти бузург -сехи холисгардонии тилло дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» ва фабрикаи истеҳсоли мису қалъагӣ дар деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯ корҳои сохтмонӣ идома доранд. 

Октябрь 23, 2014 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад