Парлумон Конвенсияи Гаагаро ба тасвиб расонд

Октябрь 29, 2014 17:04

Душанбе, 29.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода). — 29 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро ба тасвиб расонданд. Раҳмон Озода Эмомалӣ -муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди вакилони Парлумон санади мазкурро тавзеҳ дода гуфт, ки Конвенсияи Гаага оид ба бекор кардани талаботи тайъиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ 5 октябри соли 1961 дар шаҳри Гаага ба имзо расонида шудааст. Мавсуф зикр кард, ки тасдиқи Конвенсияи мазкур аз талаботи протоколи ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бармеояд, ки мувофиқи он бояд то охири нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ расмиёти шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия ба анҷом расонида шавад. Озода Эмомалӣ зикр кард, ки то имрӯз 106 давлати ҷаҳон -кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба истиснои Туркманистон узви Конвенсияи мазкуранд. Шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага қадами муҳим буда, кишвари мо дар ин раванд иқдомҳои заруриро меандешад. Ҳадаф аз шомил шудан ба ин Конвенсия пеш ҳама беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар тавассути таъмини ҳуқуқу кафолатҳои имтиёзҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ ва ҷорӣ намудани механизми пешбурди сиёсати ягонаи сармоягузорист. Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага афзалиятҳои зиёд дошта, он барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи устуворро фароҳам меорад. Инчунин расмиёти раванди тасдиқи нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо содда мегардад. Баъд аз апостел ягон гуна тасдиқ ва азнавлегаликунонии ҳуҷҷат талаб карда намешавад ва он аз ҷониби мақомоти расмии ҳама гуна давлатҳои аъзои Конвенсияи Гаага эътироф мешавад. Ҳамзамон муҳлат барои баррасии тасдиқи нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо кӯтоҳ карда шуда, хароҷот коҳиш дода мешавад. Доираи фаъолияти сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар барои хизматрасонӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ васеътар мегардонад. Инчунин роҳандозии хизматрасонӣ барои гузоштани апостел манбаи даромади молии устувор барои мақомоти марбутаи кишвар хоҳад шуд. Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ба сармоягузорони хориҷӣ имконият медиҳад, ки онҳо тамоми ҳуҷҷатҳои апостелгузоштаи худро ба мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамоният, яъне бе тасдиқ ва легаликунонии минбаъда пешниҳод намоянд, ё ин ки онҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳ ба мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон апостел гузоранд. Озода Эмомалӣ афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 то инҷониб ҷиҳати тасдиқи Конвенсияи Гаага корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Барои омӯзиш ва омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор аз 8 январи соли 2013 Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намондагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ташкил шуданд. Гурӯҳи кории мазкур тӯли як сол қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба меъёрҳои Конвенсия 11 лоиҳаи санади меъёрию ҳуқуқиро барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, ба баррасии вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намуд. Дар айни ҳол лоиҳаҳои мазкур расмиёти дохили давлатиро гузашта истодаанд ва дар ояндаи наздик барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа хоҳанд гашт. Бояд тазаккур дод, ки Конвенсияи Гаага аз 15 модда иборат буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ироа гардидааст.

Октябрь 29, 2014 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад