Парлумон лоиҳаи қонуни авфро баррасӣ кард
Душанбе, 20.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласае, ки 20 октбяр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро баррасӣ карданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 20 октябр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба палатаи поёнии Парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд. Лоиҳаи қонун дар рӯҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи ҷашни 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасию қабул ба Парлумон ироа гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Парлумони Тоҷикистон дар соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни авфро қабул намуд. Он вақт аз муассисаҳои ислоҳии кишвар беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳбус ба озодӣ баромад, ки аз байни онҳо 196 нафараш зан ва 153 нафари дигарро ноболиғ ташкил дод. Инчунин муҳлати иҷрои ҷазои наздик ба 5 ҳазор нафар маҳбус кам карда шуд. Тибқи омори Вазорати адлияи кишвар алҳол дар ҷумҳурӣ 17 муассисаи ислоҳӣ мавҷуд буда, дар онҳо беш аз даҳ ҳазор нафар маҳбус нигоҳ дошта мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






