Пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон

Октябрь 31, 2014 10:42

  Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон содир мешаванд аз қабили дуздӣ, авбошӣ, задухӯрдҳои гурӯҳӣ ва инчунин пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар амалҳои номатлуб ҳафтаи равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати ҶТ дар мактабҳои таҳсилоти умумии №67 ва №73-и ноҳияи Сино бо хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарони онҳо вохӯрӣ гузарониданд.
     Дар вохӯрӣ кормандони Хадамоти муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Шӯъбаи корҳои дохилии н. Сино, кормандони беморхонаи марказии касалиҳои пӯст, Ассотсиатсияи ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии ҷавонони раванди рушд, бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияи  Сино ширкат варзиданд.
      Дар чорабинӣ аз тарафи мутахассисон барои пешгирии амалҳои номбурда ба волидони хонандагон маслиҳатҳо дода, хонандагонро ба арҷгузорӣ аз ободии Ватан, меҳнатдӯстӣ, донишандӯзӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ташвиқ намуданд.
 
 

Октябрь 31, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд