Пешниҳоди 7345 ҳисоботи оморӣ дар 9 моҳ
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Чанде қабл дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовара гузаронида шуд, ки дар он фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 9 моҳи соли 2014 ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии омор, мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2014 фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳбарӣ гирифта, барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳуриро оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои гузошташударо пурра иҷро карда, 7345 ҳисоботи оморӣ пешниҳод намуд.
Инчунин дар 9 моҳи соли 2014-ум 1268 ҳуҷҷат гирифта, аз ҷумла, 101 қарору 332 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 835 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.
Гуфта шуд, ки агентӣ лоиҳаи барномаи солонаи корҳои омориро дар асоси талаботи истифодабарандагони иттилооти оморӣ ва мутобиқ намудани омори расмӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ барои соли 2015 таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Директори Агентии омор ба мақомоти омори марказӣ ва маҳаллӣ барои беҳтар намудани фаъолият ҷиҳати сари вақт пешниҳод намудани маълумотҳои оморӣ оид ба кишоварзӣ, саноат, нархҳои истеъмолӣ, демография ва омори иҷтимоӣ, риоя намудани методологияҳои амалкунанда, навкунии омори расмӣ як силсила дастуру супоришҳо дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






