Президент: «Мо аз сатҳи ҳамкориҳо бо БИР қаноатмандем»
Душанбе, 27.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои исломӣ 53 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути Бонки Исломии Рушд /БИР/ 41 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 348 миллион доллар дастгирӣ ёфта, ҳоло 42 лоиҳаи он амалӣ гардидааст». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 октябр зимни суханронияш дар Форуми якуми сармоягузорӣ, ки дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, изҳор дошт. Сарвари давлати Тоҷикистон гуфт, ки алҳол Бонки Исломии Рушд дар ҳамкорӣ бо созмонҳои исломӣ дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи муштараки сармоягузориро ба маблағи қариб 300 миллион доллар идома медиҳад. Бо дахли ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин бонк Президенти ҷумҳурӣ гуфт, ки мо аз ҳамкориҳои пурсамар бо Бонки Исломии Рушд қаноатмандем ва умедворем, ки бо васеъ шудани доираи имкониятҳои он ҳаҷми ҳамкориҳои мо низ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла рушди инфрасохтор, бахши тиҷорат, дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ вусъати бештар пайдо мекунад ва ба рушди иқтисодиёт, зиёд кардани ҷойҳои корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.Президенти ҷумҳурӣ таъкид кард, ки бо назардошти вазъи душвори иқтисодии кишварҳои мусулмонӣ ва эҳтиёҷоти зиёди онҳо ба сарчашмаҳои сармоягузорӣ, лозим аст, ки бонки мазкур дастгирӣ ва сармоягузориҳои худро барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ ба маротиб зиёд намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






