Президент: «Пойтахт маркази маъмурии давлат аст»
Душанбе, 20.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Фаромӯш набояд кард, ки пойтахт, пеш аз ҳама, маркази маъмурии давлат аст. Бинобар ин, иншооту биноҳои бунёдшаванда бояд ба талаботу меъёрҳои муосир ҷавобгӯ буда, таҷассумкунандаи унсурҳои меъмории миллӣ бошанд». Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 90-солагии Душанбе, ки 18 октябр дар бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор шуд, иброз дошт. Дар ин росто Сарвари давлат зикр кард, ки ин масъалаи муҳим бояд таҳти назорати доимии Агентии сохтмон ва меъморӣ ва шаҳрдории Душанбе қарор дошта бошад, зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар дурнамои наздик барои рушди пойтахт баъзе мушкилот ба вуҷуд меоянд, ки бояд аз ҳоло ҷиҳати ҳалли онҳо андеша кунем ва дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.
Ҳамзамон Президенти кишвар таъкид кард, ки ҳалли бисёр масъалаҳои вобаста ба рушди пойтахт аз эҳсоси масъулиятшиносӣ, қобилияти ташкилотчигиву роҳбарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, сатҳи донишу кордонӣ ва муносибати дилсӯзонаи ҳар як сокини пойтахт ва албатта, роҳбарону масъулони сохторҳои мухталифи шаҳрдорӣ вобастагӣ дорад.
Дар ин росто, бо назардошти афзоиши аҳолӣ бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав ва дар онҳо фароҳам овардани шароити замонавӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои кории иловагӣ барои сокинони пойтахтро Президенти мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин дар назди шаҳрдорӣ арзёбӣ намуд.








Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд






