Президенти ҶТ: Ҳалли масоили обу энергетика муҳим аст

Октябрь 28, 2014 15:14

Душанбе, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). – Дирӯз,  27  октябр, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни  суханрониаш  дар Форуми  якуми   сармоягузории  Созмони  ҳамкории  исломӣ  барои  кишварҳои Осиёи  Марказӣ Бонки  исломии рушдро  даъват  намуд, ки ба  масоили  рушди инфрасохтори нақлиёт,  энергетика,  савдо,  афзун  намудани имконоти  истеҳсолию  содиротӣ,   коркарди маҳсулоти  кишоварзӣ  ва такмили мақоми  соҳибкории  хурду  миёна  дар  бахши  сайёҳӣ таваҷҷуҳ  зоҳир  намояд.
Президенти  кишвар  иброз  дошт, ки дар  робита бо  ин ҳалли  самарабахши   масоили   обу  энергетика  муҳим  аст. Минтақаи  Осиёи  Марказӣ бо  захираҳои  обу  энергетика  ғанӣ  буда, аз  рӯи истеҳсоли  неруи  барқ ва   захираҳои  оби тоза дар  ҷаҳон  яке  аз ҷойҳои  аввалро  ишғол менамояд.
Президенти  Тоҷикистон  ба  сураи Қуръони  маҷид, ки дар  он  сухан  дар  бораи ёрии мутақобилаи  мусулмонон  меравад,  истинод  карда, мақоми  муҳими Созмони ҳамкории  исломиро  дар  амри  сармоягузорӣ  ба  иқтисодиёти  кишварҳои нисбатан  қашшоқи  узви  созмони  мазкур қайд  намуд. 
Эмомалӣ  Раҳмон   зикр  намуд, ки дар  ҳошияи  ҳамкории  кишварамон  бо  созмонҳои  исломӣ 53  лоиҳаи  сармоягузорӣ дар  амал  татбиқ  гардида, 41 — тои онҳоро Бонки  исломии  рушд ба  маблағи умумии 348 миллион  доллар дастгирӣ  кардааст. 
«Дар  ҳоли  ҳозир Бонки  исломии  рушд  якҷоя бо   созмонҳои  дигари  исломӣ  дар  кишварамон 11 лоиҳаи  муштараки  сармоягузорӣ ба  маблағи  умумии  300 миллион  долларро  дар  амал татбиқ  менамояд»,  —  гуфт  ӯ.

Октябрь 28, 2014 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд