Роҳи Бартанг васеъ мегардад
Хоруғ, 18.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ ҷараён доранд. Ин барнома дуюми марти соли 2013 ба тасвиб расид ва ҳоло ба тадриҷ амалӣ мегардад.Барномаи мазкур аз 66 банд иборат буда, дар он барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи водии мазкур чораҳои зарурӣ пешбинӣ ва ба нақша дароварда шудаанд.Мутобиқи банди 23 ва 26-уми барномаи мазкур барои барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон- Басид- Савноби водии Бартанг лоиҳаҳо мураттаб шуда, маблағҳо аллакай ҷалб гардидаанд.Дар айни ҳол лоиҳаи инвеститсионии таҷдид ва барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Басид-Савноб бо арзиши 195 миллион доллари амрикоӣ ба масофаи 150 километр таҳия гардида, барои ворид намудан ба барномаи давлатии сармоягузорӣ грантҳо ва сохтмони асосӣ манзур шудааст. Дар айни ҳол барои васеъ ва ба меъёр мутобиқ намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди водии Бартанг корҳо идома дошта, бо ин мақсад ба ин макон техникаи пуриқтидор интиқол дода шудааст.Дар қитъаҳои танг ва хатарноки роҳи Басид- Савноб ҳамчунин Асотсиатсияи истифодабарандагони роҳи мошингарди Рӯшон -Сарез саҳми арзишманд мегузорад.Ҳамчунин аз рӯи татбиқи муқаррароти банди якуми барномаи рушди Бартанг дар ҳамаи деҳаҳои ин водӣ ҳамагӣ ба масоҳати 260 гектар заминҳои нав аз худ карда мешаванд ва ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд.Ҷиҳати татбиқи банди аввали барномаи рушди Бартанг оид ба азхудкунии заминҳои нав Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар соли ҷорӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ намудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






