Роҳнамо барои таҳияи мақолаи илмӣ
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҳафтаи сипаригашта дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии «Муҳаққиқи ҷавон» доир гардид ва теъдоди зиёди аспирантону ассистентонро ҷалб намуд.
Бино ба иттилои котиби матбуоти донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева, муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашӯров гуфт, ки дар шароити имрӯза яке аз омили асосии рушд ва инкишофи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва молия мукаммал ба роҳ мондани тадқиқотҳои илмӣ ва пурсамар ҷорӣ намудани дастовардҳо дар ин самт аст. Аз ин лиҳоз, дар баробари иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ масъалаи сафарбар карда тавонистани муҳаққиқони ҷавон ба навиштани мақолаҳои илмӣ мавқеи хосро талаб менамояд, илова намуд мавсуф.
Мудири кафедраи омор, номзади илмҳои иқтисодӣ Назар Солиев таъкид кард, ки семинари илмӣ-амалии доимии «Муҳаққиқи ҷавон» тасмим гирифтааст дар робита бо ҳайати омӯзгорони пуртаҷрибаи донишкада ва дигар пажӯҳишгарони макотиби олии кишвар дар соҳаи илм ва тадқиқотҳои илмӣ оид ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тавсияҳои мушаххасро баррасӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки ин ду олими варзида Саъдихоҷа Маъдиев ва Назар Солиев дастури методие бо номи «Роҳнамо барои омодасозии мақолаи илмӣ» таҳия намудаанд, ки тавсияҳоро барои муҳаққиқони ҷавон дар бар гирифта, барои беҳтар кардани сифати мақолаҳои илмӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






