Робитаҳои Душанбею Маскав тақвият меёбанд

Октябрь 23, 2014 15:40

Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Густариши равобити мутақобилан  судманди байнишаҳрии  Душанбе ва Маскав дар ҷараёни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе бо мири шаҳри Маскав Сергей Собянин дар пойтахти Русия матраҳ гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз зарурати ҳамкориҳо дар бахшҳои ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии  байниминтақавӣ махсус таъкид намуда, омодагии хешро изҳор доштанд. 
Бо дахли масоили робитаҳои байнишаҳрӣ миёни Душанбе ва Маскав  зикр гардид, ки муносибатҳои ҳасана ба тақвият ниёз дошта, зарур аст, ки иқтидори ҷонибҳо дар ин самт ба таври васеъ истифода шавад. Дар  иртибот қарор шуд, ки дар доираи Созишнома оид ба  ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарию фарҳангӣ миёни шаҳрҳои Душанбе  ва Маскав нақшаи фаъолияти тарафҳо барои  солҳои 2015- 2018 бо инобати тамоми зарфиятҳое, ки ба нафъи ҷонибҳо то имрӯз истифода нашудаанд, таҳия ва амалӣ гардонида шавад.  

Октябрь 23, 2014 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад