Рушди ҳамкориҳои зистмуҳитӣ дар ҳавзаи дарёи Омӯ
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Рӯзҳои 23-24 октябри соли 2014 вохӯрии дуюми аъзои гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавзаи дарёи Панҷ-Омӯ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ баррасӣ намудани корҳои анҷомдодаи гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти экспедитсияҳои гузаронидашуда дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳавзаи дарёи Панҷ-Омӯ мебошад.
23 октябр фаъолиятҳое, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд, баррасӣ гардиданд. Инчунин натиҷаи экспедитсияи якум ва дуюм, ки бо иштироки гурӯҳи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи дарёи мазкур гузаронида шуд, муҳокима гардид. Коршиносони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба фаъолиятҳои мониторинги гидрологие, ки дар ҳавзаи дарёи Панҷ-Омӯ мегузаронанд, маълумот пешниҳод намуданд.
24 октябр нақшаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2015-2016 оид ба мониторинги гидрологӣ ва ҳифзи муҳити зист бо иштироки коршиносони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва муҳокимаи масъалаҳои вохӯрии ояндаи дутарафа, ки 24-25 ноябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






