Рушди соҳибкорӣ дар кишвар
Хоруғ, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Пас аз мулоқоти Сарвари мамлакат бо соҳибкорони дохиливу хориҷӣ, ки рӯзҳои 14-15 уми октябри соли равон ба вуқуъ омад, роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт вобаста ба қарору қонунҳо ва Кодекси андози ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ҳамаи минтақаҳои кишвар конфронс ва мулоқоту суҳбатҳо баргузор намоянд.
Чунин конфронс дар раёсати андози ВМКБ бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолидин Қурбонов ва Муъмин Қаноатов ширкат намуда, бо иштирокдорони конфронс бештар дар атрофи имтиёзҳои андозсупорӣ суҳбат намуданд.
Мутобиқи муқаррароти нави андозсупорӣ агар маоши корманд аз 250 сомонӣ камтар бошад, аз ин маош андоз ситонда намешавад, зеро мутобиқи муқаррароти ҳукумати мамлакат музди меҳнат дар Тоҷикистон бояд аз 250 сомонӣ камтар набошад.
Зикр гардид, ки дар Кумитаи андози кишвар ҳоло зиёда аз бист намуди барномаҳои компютерӣ танзим шудаанд, ки яке аз ин барномаҳо барномаи утоқи андозсупоранда мебошад.
Тавассути барномаи мазкур андозсупоранда метавонад дар хонаи худаш аз тариқи интернет аз ҳама маълумотҳои андозҳои худ огоҳ бошад.
Дар ин мулоқот ҳамчунин гуфта шуд, ки қарздории андозсупорандагони то соли 2009-ум мавҷудбуда мутобиқи муқаррароти нав бекор мешавад ва андозсупорандагон қарздор ҳисоб намешаванд.
Дар қисмати дуюми машварат миёни намояндагони Кумитаи андози мамлакат ва соҳибкорони ВМКБ саволу ҷавоб доир шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






