Русия — Тоҷикистон : неруи ҳамкории байниминтақавӣ
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — 23 ва 24 октябр дар шаҳри Маскав конфронси Ш оид ба ҳамкории байниминтақавии Русияю Тоҷикистон ва Форуми 1У байнипарлумонии «Русия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор мегардад.
Иштироки намояндагони минтақаҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатии федералии ФР, вакилони парлумони Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин роҳбарони иттиҳодиҳои фарҳанги миллии ҷамоаи тоҷикон аз минтақаҳои мухталифи Русия дар назар аст.
Дар ҳошияи конфронс ва форум намоишгоҳи дастовардҳои минтақаҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизҳои мудаввар аз рӯи самтҳои мухталифи ҳамкории байнидавлатӣ дар мавзӯи «Татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ. Баланд бардоштани мақоми соҳибкории хурду миёна», «Рушди ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ», «Вазъ ва танзими ҳуқуқии равандҳои муҳоҷирати меҳнатии байни Русия ва Тоҷикистон» ва «Самтҳои ояндадори рушди равобити гуманитарии Русия ва Тоҷикистон» доир карда мешаванд.
Дар ин бора раиси Созмони ҷамъиятии минтақавии «Конгресси халқҳои форсизабон» — и шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия Эраҷ Боев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






