Саҳми СҲИ ва БИР дар ташаккули иқтисоди чаҳон

Октябрь 27, 2014 10:46

Душанбе, 27.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Саҳми тамаддуни исломӣ ва кишварҳои мусулмонӣ дар ташаккули таърихии ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир назаррас аст, ки он аз ҷумла, тавассути Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Бонки Исломии Рушд амалӣ мегардад,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Форуми якуми сармоягузорӣ дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе.Дар баробари ин, мо умедворем, ки нақши Созмони Ҳамкории Исломӣ дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ ва рушди устувори мамлакатҳои аъзои он рӯз аз рӯз зиёд шуда, ба афзоиши саҳми муштараки онҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.Вале мусаллам аст, ки ба қисмати зиёди кишварҳои аъзои созмон хавфи таъсири манфии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодӣ, сатҳи баланди камбизоатӣ, дастрасии маҳдуд ба оби тоза, озуқаворӣ, неруи барқ ва дигар маҳсулоту хизматрасониҳои ниёзи аввал, камбудиҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлими сайёра ва тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳониву минтақавӣ таҳдид мекунад.Илова бар ин, пӯшида нест, ки мутаассифона, зуҳуроти номатлуби фаромиллӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва одамрабоӣ, ҷинояткории мутташакилона ва монанди инҳо дар баъзе аз кишварҳо рӯ ба афзоиш дорад,-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми мазкур.

Октябрь 27, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа