Сабабҳои афзоиши сӯхтор кадомҳоянд?
Кӯлоб 25.10.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бино ба иттилои сардори қисми мустақили 33-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Кӯлоб Саймуросир Раҳматов дар давоми 9 моҳи сипаришуда дар миқиёси шаҳру ноҳияи Кӯлоб 30 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари умумии он 3 миллиону 878 ҳазору 866 сомониро дар бар мегирад.Ҳодисаи сӯхтор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 адад зиёд гардида, маблағи зарар 3 миллиону 841 ҳазору 941 сомонӣ зиёд мебошад.Ба гуфтаи манбаъ сабаби асосии сар задани сухторҳо аз ҳисоби вайрон кардани қоидаҳои васлкунии таҷҳизоти барқӣ, қасдан оташ задан, оташбозии кӯдакон, бееҳтётӣ аз оташ ва ғайраҳо маҳсуб меёбад.Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ ва сари вақт хомуш намудани сӯхторҳо, молу амволи шаҳрвандон ба маблағи 98 434 000 сомонӣ наҷот дода шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






