Сабти асноди шаҳрвандӣ дар Кӯлоб

Октябрь 28, 2014 15:31

Кӯлоб, 28.10.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Кормандони  бахши  Сабти  асноди ҳолати   шаҳрвандии  шаҳри  Кӯлоб дар  асоси  муроҷиати   шаҳрвандон   дар  давоми  9  моҳи   соли  ҷорӣ  дар  ҳамкорӣ бо  ҷамоатҳои   деҳот  11 ҳазору 582  сабти   асноди ҳолати   шаҳрвандиро   ба  қайд  гирифтанд.
Ба  қавли   мудири  бахши  мазкур   Зинат  Сафарова   дар  ин  давом  кормандони  бахш  аз ҳисоби   боҷи   шаҳодатномаҳои   такрорӣ,  ворид  намудани   ислоҳ, тағйирот ва  иловаҳо   бақайдгирии  нафарони  аз 16  сола  боло,  бекор  кардани  ақди  никоҳ ва иваз  намудани  ному  насаб  ба буҷаи  маҳаллӣ  152 ҳазору 787   сомонӣ  ворид  намуданд, ки   нисбат ба  ҳамин   давраи соли гузашта 29 ҳазору 44  сомонӣ  зиёд  мебошад. 
Инчунин  дар ҳар  се моҳ  мутобиқи   нақшаи  чорабиниҳои   тартибдодаи бахш  маҳфили «Оилаи  ҷавон» роҳандозӣ  мегардад, ки  дар  маҳфил   аксари  навхонадорон  ба тариқи  ройгон  соҳиби  шаҳодатномаи  ақди  никоҳ  мегарданд.
 
 

Октябрь 28, 2014 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд