“Садоқат” ва “Ормон” ба сармо устуворанд
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои таҷрибавии ноҳияи Рӯшон дар баландии 1800 м ва ноҳияи Ишкошим дар баландии 2600 м 8 навъи картошкаи селексионӣ кишт шуд. Мушоҳидаҳои фенологӣ нишон доданд, ки муҳлати сабзиши картошка дар баландии 2600 м нисбат ба баландии 1800 м 3-4 рӯз дертар мебошад. Навъҳои картошкаи “Аладин” ва “Red-one” ба касалию зараррасонҳо нисбат ба дигар навъҳо тобовар мебошанд.
Инчунин омӯзиши фенологии 10 навъи зироати ғалладонагӣ, ки тирамоҳи соли 2013 дар ду давра кишт гардиданд, аз он далолат медиҳад, ки навъҳои “Садоқат”, “Ватан” ва “Ормон” нисбат ба дигар навъҳо ба сармо устувор мебошанд. Ҳосилнокии навъҳои омӯхташуда 24- 38га- ро ташкил медиҳад.
Навъҳои “Ватан” ва “Наврӯз” дар давраи кишти якум дорои ҳосилнокии баланд аз 38 га нисбат ба дигар навъҳо буда ҳосилнокии навъҳо дар давраи кишти дуюм 35 ва 34 гектарро ташкил дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






