Сафари соҳибкорон ба Беларус

Октябрь 20, 2014 11:25

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук вохӯрӣ намуд. Раҷаббой Аҳмадзода аз вусъати ҳамкории соҳибкорон ва ширкатҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд бо ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Беларус изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гардиши молу маҳсулоти корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд соли гузашта 15,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки он 4,3 фоиз аз ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷиро ташкил медиҳад.
Асосан аз кишвари Беларус ба шаҳри Хуҷанд қанду шакар, доруворӣ, маводи истеҳсоли ҷиҳоз ва худи ҷиҳоз (мебел), воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин маҳсулоти қолинӣ ва атриёт ворид мешаванд.
Ба Ҷумҳурии Беларус аз маркази вилоят меваҳои гуногун, ресмон ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ содирот мешаванд. 
«Дар шаҳри Хуҷанд имкониятҳою захираҳои зиёди ҳамкорӣ бо ин кишвар мавҷуданд. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли мебел дар асоси коргоҳи мебели шаҳри Хуҷанд, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ сарчашмаҳои нави ҳамкории манфиатовар буда метавонанд. Шаҳри Хуҷанд бо шаҳри Могилёв бародаршаҳр гашт ва нақшаи сафари соҳибкорон ба кишварҳои ҳамдигар рӯи кор омадааст»,- иброз дошт раиси шҳри Хуҷанд.
Олга Гаврук  иттилоъ дод, ки барои таҳкими ин ҳамкориҳо ӯро ҳайати роҳбарияти яке аз ширкатҳои бонуфузи кишвараш, ширкати истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии «Алютех» ҳамроҳӣ менамояд, ки натиҷаи ҳамкории шаҳри Хуҷандро бо Ҷумҳурии Беларус устувор хоҳад кард. Намояндаи ширкати номбурда дар давоми як моҳ дар шаҳри Хуҷанд заминаҳои ҳамкориро меомӯзад.  
 
 

Октябрь 20, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд