Самтҳои ояндадори ҳамгироии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2014 12:47

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — Бо  ибтикори  намояндагии  Бунёди   рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё»  дар  Тоҷикистон  ва  мусоидати Сафорати  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон  23  октябр  дар  шаҳри  Душанбе  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи  «Тоҷикистон  чун  воҳиди  ҳамгироии  муосир : вазъу  дурнамо» баргузор  мегардад. 
Тавре  ки  ташкилкунандагони  чорабинӣ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, мақсади  асосии  доир  намудани  мизи  мудаввар  муҳокимаи  самтҳои  ояндадори  Тоҷикистон дар системаи  хоҷагидории  ҷаҳон  ва ҷиҳатҳои  сиёсӣ,  иқтисодӣ ва ҳуқуқию  гуманитарӣ  мебошад. 
Дар  ҷараёни  мизи  мудаввар  масоили  мубрами ҳамгироии илм, маориф, истеҳсолот ва таҷдиди  иқтисодиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  аз ҷумла  натоиҷи тадқиқот  аз  рӯи   самтҳои  афзалиятнок  мавриди  муҳокима  қарор  мегиранд.
Иштироки  сиёсатмадорон,  дипломатҳо, коршиносон, намояндагони  аҳли  тиҷорат,  олимон  ва  ходимони  ҷамъиятӣ  дар  ин  чорабинӣ   дар назар  аст.

Октябрь 20, 2014 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд