Санҷиши кори шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ дар Хатлон
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Тӯли як ҳафта дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ёвон, Ҷомӣ, Румӣ ва Қумсангири вилояти Хатлон фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадор оид ба татбиқи амалии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013 — 2020» мавриди санҷиш қарор гирифт.
Муайян гардид, ки дар ин минтақаҳо аз тарафи сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, нақшаҳои соҳавии татбиқи Стратегияи миллӣ таҳия ва амалӣ шуда, баҳри рафъи камбудиҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар баробари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадори шаҳри Ваҳдат низ санҷида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






