Сарқонун — санади тақдирсози мардуми Тоҷикистон

Октябрь 29, 2014 17:07

Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имсол ба қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Конститутсия омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Ин санади тақдирсоз ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва санади тақдирсозест, ки роҳи рушду пешрафти давлати точиконро дар садсолаҳо равшан месозад. Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.Ҳамчуноне ки дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: мардуми Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад ва зимни таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли он, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.Мавриди тазаккур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дар ҳолати тағйиру таҳаввул қарор дорад ва хоcса, Тоҷикистон, ки рӯ ба тараққӣ аст, бинобар дигаргуниҳои дохилӣ ва хориҷӣ, қонунгузории хеш¬ро низ бояд мутобиқ бо ниёзҳои рӯз такмилу тагйир бидиҳад. Ин буд, ки дар давоми 23 соли Истиклолияти давлатӣ ду маротиба — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд.Дар асоси тағйироти мазкур нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагии доимоамалкунанда таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намуд. Чунин такмили фаъолияти мақомоти ичроия ҷиҳати дар сатҳи баланд нигоҳ доштани мустақилияти мақомоти судӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба ҳайси арзиши олӣ ба Сарқонуни ҶТ ворид гардид.Ҳамчуноне мушоҳида менамоем, дар давоми чанд соли охир бинобар воқеиятҳо ва ниёзҳои ҷомеа дар мамлакат ҳудуди 1000 қонун дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амалкарди Сарқонун чунин ибрози назар кардааст: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Кон¬ститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст».Бинобар ин, моро мебояд, ки ба он ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоем ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар ба назар гирифта шудаанд, риоя намоем. Дар моддаи якуми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Қобили зикр аст, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоқикистон дар радифи даҳ сарқонуни ҷаҳон аз ҳама одилонаву демократӣ ва дурандешонаву хайрхоҳона маҳсуб меёбад, агарчи дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ қабул шуда бошад ҳам, самараи онро дар ин бисту се соли истиқлолият дида истодаем. Ҳаёти сиёсии даврони истиқлол ва шароити хоси ҷаҳонӣ маҳз ҳаминро талаб менамуд, ки яккаҳизбии даврони Шӯравӣ аз байн бурда шавад ва дар кишвар гуногунҳизбӣ, ки хоси ҷомеаи демократист, арзи вуҷуд намояд. Аз ин рӯ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳашт ҳизби сиёсӣ ва шумораи зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд ва барои пешрафти ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Дар Сарқонун яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо мебошад ва мувофиқи моддаи нуҳуми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатии кишвар ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда ва ҳамчунин дар моддаҳо ва бобҳои алоҳида дар мавриди сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти шохаҳои ҳокимият зикр шудааст.Дар боби дувуми Конститутсияи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Зикр кардан ба маврид аст, ки 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Махсусан, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ он пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия ворид гардиданд, онро такмил дода, пурратар сохтанд. Хусусан, дар моддаи панҷуми он тағйири куллӣ анҷом гирифт, ки бар асоси он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шуданд. Воқеан, меъёрҳои мазкур ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ин санад барои мардуми мо санади тақдирсоз аст ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад.Дар шароити кунунӣ, қабл аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани мардум ва ба ин роҳ ҳидоят намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Точикистон бахшида ба бистсолагии Сарқонуни ҶТ дар назар аст фармони авфи беш аз 10 ҳазор маҳбусро имзо намояд, ки он дар расонаҳо унвони «авфи тиллоӣ»-ро гирифтааст ва мисолаш дар таърихи башарӣ кам дида мешавад.Ба таври умумӣ метавон баён кард, ки дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалӣ ва фарҳанги оламшумули динию суннатии мо, иродаи кулли тоҷику тоҷикистониён ба таври мушаххас ифода ёфтаанд ва ин шахсони мутасаддиро водор месозад, ки меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро комилан риоя намоянд. Ҳикматулло Хоҷаев, коршиноси масоили сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Октябрь 29, 2014 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид