«Сарбози ҳақиқат»- асари тозаэҷоди Садриддин Ҳасанзода
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Сарбози ҳақиқат»- зери чунин унвон рӯнамоии китоби тозаэҷоди нависандаи маъруфи кишвар Садриддин Ҳасанзода имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҳфил устод Меҳмон Бахтӣ- раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ Мирзоев, адиб Мирзо Шукурзода ва шоирону ҳаводорони каломи бадеъ ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки китоби мазкур ба 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахт эҳдо гардидааст.
Дар «Сарбози ҳақиқат» лаҳзаҳои ҷолиб ва рӯзгори пурпечутобу ибратомӯзи як нафар собиқ корманди сохтори қудратӣ оварда шудаанд.
Гуфта мешавад, ки шиносоӣ бо зиндагиномаи ин шахси матинирода, меҳанпарасту меҳнатдӯст ва ростқавлу росткор барои тарбияи ҷавонон, бахусус кормандони ҷавони милитсия ва посдории музаффариятҳои Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол мусоидат менамояд.
Ёдрас мешавем, ки Садриддин Асозода муаллифи маҷмӯаҳои «Кабки рав» (1989), «Эҳёи Када», «Чароғи лола», «Ашки қалам», «Дарёи нур», «Ёдҳои парокандаи бодияҳо» ва панҷоҳ мақолаи илмӣ- публисистӣ мебошад.
Садриддин Ҳасанзода соҳиби медали «Хизмати шоиста», нишони ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — «Сухан», нишонҳои Аълочии фарҳанг, матбуот, маориф, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






