Саршумори қутосҳои Камол ба 300 сар расид
Хоруғ, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ноҳияи Мурғоб макони аслии парвариши қутос ба шумор меравад. Сокинони ин минтақаи баландкӯҳ ҷиҳати парвариши ин зоти чорво, афзоиши саршумор ва баланд бардоштани маҳсулнокии он таҷрибаи зиёд касб намудаанд.
Инро метавон аз фаъолияти оилаи Камол Сафаров мисол овард, ки рӯзгорашро бо рушди соҳа беҳтар гардондааст.
Аз рӯи маълумотҳои раёсати кишоварзии ВМКБ дар айни ҳол дар тамоми шаклҳои хоҷагидории вилоят 24 ҳазору 292 сар қутос парвариш меёбад, ки 19 ҳазору 662 сари он ба ноҳияи Мурғоб рост меояд. Қисмати зиёди саршумори қутосҳо хусусӣ буда, фақат 6 ҳазор сар ба хоҷагиҳои давлатӣ тааллуқ дорад. Дар хоҷагии Камол Сафаров 300 сар қутос ва 1500 сар моли майда парвариш меёбад.
Хоҷагии мазкур имконият дорад, ки аз шири қутос қаймоқ, равған ва қурут тайёр намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






