Семинари журналистон аз рӯи масоили ВНМО

Октябрь 30, 2014 14:40

Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Имрӯз, 30 октябр, дар шаҳри Душанбе семинари журналистони васоити ахбори оммаи пойтахт дар мавзӯи «ВНМО (вируси норасоии масунияти одам): аҳамияти инъикоси холисона, дақиқ ва аз нигоҳи сиёсӣ қобили қабул» баргузор мегардад. Дар ин бора мутахассиси Лоиҳаи муштараки СММ оид ба ҳимоя дар бахши БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масуният) дар Тоҷикистон Бахтиёр Мирзоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Ба гуфтаи Бахтиёр Мирзоев, «риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон чун пештара асоси муборизаи зидди вируси норасоии масунияти одамро ташкил медиҳад. Дар робита бо ин, ба иштирокдорони семинар аз рӯи масоили ин беморӣ гузориш дода мешавад».

Октябрь 30, 2014 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд