Шӯрообод: Тақвияти хизматрасонӣ бо кортҳои пластикӣ

Октябрь 25, 2014 09:43

Шӯрообод, 25.10.2.014. (АМИТ» Ховар», Сулаймони Хол).-Шуъбаи кор бо кортҳои пластикии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба такмили низоми идораи молиявӣ, ҷорӣ намудани техналогияи муосир дар ин самт ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ гузариш ва ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ, хусусан ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ дар ноҳияи Шӯрообод корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.Бино ба иттилои директори филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳияи Шӯрообод Қиматшо Содиқов дар ин давра ба филиал як банкомат ва 2 постерминал ворид карда шудааст, ки мизоҷон метавонанд ба воситаи ин таҷҳизотҳо маош ва маблағҳои интиқолиро сари вақт дастрас намоянд. Таҷҳизотҳои мазкур то имрӯз ба шаш ташкилоту муассиса, аз ҷумла раёсати молия, шӯъбаи маориф, шуғли аҳолӣ, идораи коммуналӣ, ҷамоати шаҳрак, хадамоти оташнишонӣ, кӯдакистон ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки беш аз 440 нафарро дар бар мегирад, хизмат мерасонанд. Инчунин масъулини филиал тасмим гирифтанд то моҳи декабри соли ҷорӣ ба 400 нафар шартнома баста хизмати бонкӣ расонананд.

Октябрь 25, 2014 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа