Шариф Саид бо медали АБШ қадр шуд
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 19 октябр раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо ноиби раиси иҷроия – директори генералии Ассамблеяи байналмилалии пойтахту шаҳрҳои калон (АБШ) Владимир Селиванов мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқоти масоили рушди равобити байниминтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифта ва аҳамияти пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки имсол ҷашнвораи худро таҷлил намуд, зикр гардид.
Владимир Селиванов бо қарори раёсати Ассамблеяи байналмилалии пойтахту шаҳрҳои калон медали ҷашнворавии ин созмони ҷаҳониро ба Шариф Саид «барои саҳми арзандааш ба рушди ҳамкории бисёрҷонибаи байни шаҳру минтақаҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисодиёт, илму техника, фарҳанг ва соҳаи иҷтимоӣ» супурд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






