Шиносоӣ бо шароити хизмат дар Воҳиди махсуси ВКД

Октябрь 29, 2014 10:26

Душанбе, 29.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади шиносоӣ аз шароити хизмати кормандони Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сардори Давлат ва меҳмонони олиқадр ба ин ниҳоди бонуфузи мақомоти корҳои дохилӣ рафт.Вазири корҳои дохилӣ аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории кормандон, толори маҷлисгоҳ, ҷойи хоби (казарма) кормандони хадамоти патрулӣ-пайроҳадорӣ, ошхона, ҳаммом, мағозаи фурӯши молҳои ҳарбӣ ва дигар иншоотҳои Воҳиди махсус дидан намуд.Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, иншоотҳои Воҳиди махсус бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.Барои ҳар чи тезтар ба итмом расонидани сохтмони иншоотҳои боқимонда, аз ҷумла таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиётии коргоҳ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз сохторҳои мақомоти милитсия буда, дар таъмини амният ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишвар ҳангоми ҳаракати Сарвари Давлат, пешвоз ва гуселонидани меҳмонони олиқадр, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши босазо дошта, роҳбарии онро полковники милитсия Ҳомидзода Бароталӣ Парто ба уҳда дорад.

Октябрь 29, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид