Шиносоии Қ.Расулзода бо корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа
Душанбе, 31.10.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат Ёвон шинос шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки сохтмони роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат- Ёвон аз соли 2009-ум инҷониб оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҳаётан муҳим дар мадди назари аввали роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.Ҳайати ҳукумати мамлакат дар қитъаҳои асосии сохтмони роҳ шуруъ аз истгоҳи Ваҳдат то ба самти истгоҳи Ёвон бо рафти корҳои анҷомдодашудаи роҳсозӣ шинос шуданд. Бояд гуфт, ки дар айни замон барои иҷрои корҳои роҳсозӣ дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат- Ёвон наздик ба 130 техникаю механизмҳои хурду бузурги корӣ ва беш аз 375 коргару мутахасисонӣ маҳалию хориҷӣ ҷалб шуда, корҳои сохтмонӣ дар ду баст ба роҳ монда шудаанд. Иҷрои корҳои гуогуни сохтмонӣ, аз қабили лоиҳакашию таҳқиқотӣ-геологӣ, корҳои тахту ҳамворзосӣ ва омодасозии мавзеъҳои бунёди роҳ бар уҳдаи 10 ширкату ташкилоти сохтмонии ватанию хориҷӣ вогузор шудааст. Ҳоло дар мавзеъҳои барои бунёди роҳ пешбинишуда дар қитъаҳои алоҳида аз ҷумла дар минтақа бунёди нақбу кӯпрукҳо корҳои тахту ҳамворсозӣ ва омодасозии қитъаҳо барои бунёди роҳ ва дар қитъаҳои дорои шароити мураккабу кўҳсор корҳои геологию таркишӣ мувофиқи нақша идома доранд.
Аснои шиносоии Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар давоми 10 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар масофаи як километр корҳои васлнамоии қисмати болоии роҳ, ба андозаи як миллиону 486 ҳазору 537 метри мукааб корҳои заминӣ ва дар ҳаҷми беш аз 650 ҳазор метри мукааб корҳои таркишӣ анҷом дода шудаанд, ки мутаносибан маблағи корҳои иҷрошуда дар зарфи 10 моҳ ба беш аз 48 миллиону 49 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмонӣ ба роҳсозону мутахассисони соҳа барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои пешбинишуда дастуру маслиҳатҳо дода шуданд.
Ҷараёни шиносоии ҳайати ҳукумати мамлакат аз қитъаи Ваҳдат- Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қўрғонтеппа дар ситоди сайёри корӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ шуд. Дар ситод роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ, роҳсозону мутахассисони соҳа вазифадор шуданд, ки иҷрои босифат ва саривақтии ҳаҷми корҳои пешбинишудаи роҳсозиро афзун намуда, ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои корҳои иҷрошуда ва истифодаи мақсадноки ин маблағҳо тадбирҳо андешанд ва барои татбиқи пурраи лоиҳаи сохтмони ин қитъаи роҳ дар муҳлати муқараргардида аз имконоту захираҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути зиёд намудани қувваи корӣ ва мошину механизмҳои сохтмонӣ самаранок истифода намоянд.
Зимни боздид аз ноҳияи Ёвон Сарвазири мамлакат дар ҷамоати деҳоти Даҳана бо кори кишоварзони ҳоҷагиҳои деҳконӣ, ки ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити гармхонаҳо машғул мебошанд, шинос шуд.








Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд






