Ширкати олимони ДМИТ дар мизи мудаввари онлайн

Октябрь 29, 2014 10:27

Душанбе, 29.10.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Донишкадаи иқтисод, молия ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон (БашГУ) ва Маркази Авруосиёгии «Самрау» 28 октябри соли равон дар хонаи Маҷлиси давлатӣ- Қурултои Ҷумҳурии Бошқирдистон мизи мудаввари байналмилалии онлайн дар мавзӯи «Рушди молияи исломӣ дар минтақа: нақш дар ҷалби сармоя» доир намуд, ки дар кори он олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) низ ширкат намуданд. Бино ба иттилои котиби матбуоти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Машҳура Абдуллоева, ҳадафи баргузории мизи мудаввар- ин баррасии масъалаҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти минтақа бо назардошти тақвияти рақобати байни минтақавӣ ва авҷ гирифтани вазъи геополитикӣ, роҳҳои ҷалби молияи исломӣ ба иқтисодиёти минтақа, таҷрибаи фаъолияти ширкатҳои молиявии исломӣ дар мамлакатҳои СҲШ, имкониятҳои рушди молияи исломӣ дар минтақа чун сарчашмаи сармоя, мубодилаи таҷрибаи идораи молияи исломӣ ва ташаккули робитаҳои илмӣ-амалии олимону наза-риячиёни Ҷумҳурии Бошқирдистон бо дигар мамлакатҳо мебошад.Дар мизи мудаввари онлайн 90 нафар олими соҳаи иқтисоду молия аз чанд мамолики ҷаҳон ширкат варзид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, ректори ДМИТ Ашурбой Солиев ва номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишкада Н.Попов иштирок ва бо пешниҳодҳои илман асоснок сухан гуфтанд.Бояд гуфт, ки иштирок дар чунин ҳамоиши илмии байналмилалии онлайн барои олимони ДМИТ бори аввал сурат мегирад ва он барои густариши равобити байналмилалии донишкада ва муаррифии олимони ватанӣ мусоидат менамояд.

Октябрь 29, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд