Шоҳҷоиза насиби Н. Иброҳимова шуд
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Чанде пеш даври вилоятии озмуни «Иди атлас ва адраси Хуҷанд-2014» бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва дар қатори дигар шаҳру навоҳии вилоят аз шаҳри Чкалов 22 нафар дар озмуни мазкур ширкат намуда, шоҳҷоизаро дастпарвари МТМУ №10-и шаҳри Чкалов ба даст овард.
Бояд гуфт, ки озмун аз рӯи се шарт: либосҳои кӯдакона, рӯзмарра ва идона гузаронида шуд, ки дар он беш аз 150 нафар бо либоси хушдӯхт, ки аз матои атлас ва адрас дӯхта шудаанд, миёни ҳам рақобат карданд.
«Пас аз натиҷагириҳои ҳайати ҳакамон дар қатори дигар ғолибон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба намояндаи шаҳри Чкалов Наргис Иброҳимова шоҳҷоизаро тақдим намуд, ки ин лаҳза барои мо боиси ифтихор ва сарфарозӣ буд»,-изҳор дошт Зебо Абдулова,-мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Чкалов.
Ёдрас мешавем, ки дар даҳаи охири моҳи сентябри соли равон дар чойхонаи «Роҳат»-и шаҳр бо иштироки раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-Мунаввара Дадобоева озмуни «Иди атлас ва адраси Хуҷанд-2014» дар сатҳи хуб гузаронида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






