Шоҳбонуи Дания Рӯзи эмгузарониро ифтитоҳ менамояд

Октябрь 23, 2014 15:55

Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Имрӯз, 23  октябр, Улёҳазрат,  Шоҳбонуи  Дания  Мэри барои  пешбурди  ҳифзи  модару  кӯдак  ва  эмгузаронӣ ба  Тоҷикистон  омад. Дар  ин  бора  аз  Намояндагии  Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  Шоҳбонуи  Дания  ба  ҳайси  сарпарасти Дафтари  минтақавии сарпарастии  аврупоии Созмони  умумиҷаҳонии  тандурустӣ  ба  Тоҷикистон  сафар  кардааст. Мавсуф ҳамроҳи  директори  минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар  Аврупо Жужанна Якаб бо ҷараёни  фаъолияти  низоми тандурустии  кишвар  ва  ҳамкории  байни Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ ва Намояндагии  Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар  Тоҷикистон   шинос мешавад. 
Улёҳазрат  дар  ҳошияи  сафари серӯзаи  расмиаш, ки  25  октябр  анҷом  меёбад, бо  шахсони  расмӣ,  аз ҷумла  намояндагони  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Вазорати корҳои  хориҷӣ,  Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ,  муассисаҳои  СММ ва ҷамъияти   мададгорону  кормандони  соҳаи  тиб вохӯрда,  аз   чанде   муассисаҳои тиббӣ,  аз ҷумла  беморхонаи  педиатрӣ, Маркази  офиятбахшии  кӯдакони  ноҳияи  Варзоб, Маркази  миллии  тансиҳатӣ ва хонаи  тандурустии  ноҳияи  Ваҳдат  дидор  мекунад.
Ҳамчунин  суханронии  Улёҳазрат  дар Форуми тандурустӣ  дар  Донишгоҳи давлатии  тиббии Тоҷикистон  ба  номи  Абуалӣ  ибни  Сино  дар  назар  аст.

Октябрь 23, 2014 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд