Шуъбаи ИНТ дар Бадахшон 20 сола шуд
Хоруғ, 22.10.2014.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Имсол ба таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 80 ва ба таъсиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон расо 20 сол пур мешавад.
Ҳанӯз вақте ки дар Тоҷикистон Иттифоқи нависандагон ба ҳайси як ташкилоти давлатӣ фаъолият дошт, дар Бадахшон ба сабаби маҳдуд будани фазои адабӣ иттифоқи номбурда шуъбаи худро надошт. Танҳо дар аввали солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо иқдоми Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд мактаби адабии шоирону нависандагон таъсис дода шуд ва он истеъдодҳоро аз ҳар канори вилоят гирд овард.
Бо раҳнамоӣ ва кумаки устод Ширин Бунёд бархе аз шоирон, шогирдони ин мактаб ба майдони бузурги адабиёти тоҷик роҳ ёфта, ба узвияти иттифоқ пазируфта шуданд.
Соли 1994 шумораи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба 5 нафар расид, ки ин теъдод заминаи таъсиси бахши бадахшонии ИНТ-ро зери сарпарастии Ш. Бунёд фароҳам овард.
Соли 2011 устод Ш. Бунёд аз олам даргузашта, сарварии бахш ба уҳдаи аъзои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан вогузор шуд.
Дар айни замон дар ин бахш беш аз 30 нафар шоиру нависанда ба эҷод машғул буда, 11 нафараш узви ИНТ мебошад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






